Ноябр 03, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Русия бар густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба

Сафири Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла густариши табодулоти бозаргонӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Русия ҷумъашаб эълом кард, Маҳдии Саноӣ ва Игор Моргулов дар дидор бо якдигар дар Маскав бар алоқамандии ду тараф дар гуфтугӯҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ таъкид карданд.

Сафири Эрон ва муовини вазири хориҷаи Русия ҳамчунин густариши равобит байни ду кишвар ва тавсеаи равобити фарҳангӣ ва инсониро хостор шуданд.

Гуфтанӣ аст, равобит ва ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва бозаргонӣ рӯ ба рушд аст ва Маскав аз ҳомиёни аслии Теҳрон дар муқобили таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико зидди Эрон аст.

 

Барчасп