Ноябр 03, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Раиси кулли Бонки марказии Эрон: Амрико дар таҳрими нафтии Эрон ноком мондааст

Раиси кулли Бонки марказии Эрон бо ишора ба ҷорӣ кардани таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Теҳрон таъкид кард: “Имрӯз бар ҳамагон равшан ‏шудааст, ки Амрико дар таҳрими комили нафти Эрон ва ба сифр расонидани он ба ҳар далел ва баҳонае ноком шудааст”.

Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон рӯзи ҷумъа дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: “Бо муофияти тадриҷии кишварҳои зиёд аз таҳрими хариди нафти Эрон, фазои ояндаи тиҷорӣ ва даромади Эрон мушаххастар мешавад”.

Ҳимматӣ афзуд, Бонки марказии Эрон, ки дар моҳҳои ахир захоири арзии худро ба ҳадди матлуб расонидааст, мутаносиб бо шароити дар ҳоли тағйир, ҳатто дар шароити бисёр номуҳтамали ба ҳаддиақал расонидани содироти нафт, барномаи мутаносиб бо онро дорад.

Раиси кулли Бонки марказии Эрон ибрози итминон кард, миллати бузурги Эрон аз таҳримҳои Амрико ба хубӣ убур хоҳад кард.

Амрико 8 майи 2018 бо хуруҷ аз БарҶом, бор дигар таҳримҳои худро зидди Эрон эъмол ва таҳдид кард, ҳар кишвареро, ки ба харид нафт аз Эрон идома диҳад таҳрим хоҳад кард. Амрико то чаҳоруми ноябр ба харидорони нафти Эрон фурсат додааст то хариди нафт худро аз Эрон ба сифр бирасонанд.

Дар ҳоле ки Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, Вашингтон ҳашт кишварро аз таҳримҳои ҷадиди нафтии Эрон муоф мекунад.

Пештар низ хабаргузории “Блумберг” эълом кард, Амрико ба ҳашт кишвар, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Ҳинд ва Кореяи Ҷанубӣ иҷоза медиҳад, пас аз оғози иҷрои мавҷи дувуми таҳримҳо алайҳи Теҳрон, дар чаҳоруми ноябри 2018, ба хариди нафт аз Эрон идома диҳанд.

 

 

Барчасп