Ноябр 04, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии бошукӯҳи мардуми Эрон дар 13-уми обон

Мардуми Эрон дар шаҳрҳои мухталиф бо ширкат дар роҳпаймоии 13-уми обон - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ бар пойдории худ бар сари ормонҳои Инқилоби Исломӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, қишрҳои мухталифи мардуми Эрон, бавижа донишҷӯён ва донишомӯзон бо ширкат дар ин роҳпаймоӣ ва сар додани шиорҳои "Марг бар Амрико!", "Марг бар Исроил!" ва "На таҳрим, на созиш, набард бо Амрико!" танаффури худро аз сиёсатҳои мустакбиронаи давлати Амрико эълом карданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ дар қатъномаи поёнии ин маросим эълом карданд, мардуми Эрон бо шикасти таҳримҳои золимонаи Амрико аз ин марҳалаи таърихӣ бо муваффақият убур хоҳанд кард. Мардуми Эрон дар ин қатънома таъкид карданд, истикборситезӣ аз муҳимтарин шохисҳои Инқилоби Исломӣ аст, аз ин рӯ, мардум бо амал ба вазифаи динӣ ва инқилобии худ ин муборизаро то нобудии комили низоми султа, бавижа давлати султаҷӯ ва истеъморгари Амрико идома хоҳанд дод. Ин қатънома меафзояд, мардуми Эрон ҳамчунин ба ҳимоят аз миллатҳои таҳти ситами Амрико ва пуштибонии ҳамаҷониба аз ҷабҳаи муқовимат дар баробари хӯи истикбории низоми султа идома хоҳанд дод. Ширкаткунандагон дар маросими роҳпаймоии рӯзи 13-уми обон ҳамчунин бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ таъкид карданд, хурӯҷи аҳдшиканонаи Амрико аз БарҶОМ ва ташдиди сиёсатҳои хасмонаи сардамдорони ин кишвар зидди Эрон бори дигар собит кард, ки Амрико душмани шумораи яки Эрон аст.

Имрӯз, сездаҳуми обон (чаҳорум ноябр 2018) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Маросими роҳпаймоии Рӯзи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ҳамзамон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон бо ҳузури густурдаи мардум, донишҷӯён ва масъулон баргузор шуд.