Сентябр 11, 2016 17:04 Asia/Dushanbe
  • Паёми вазири хориҷаи Эрон ба муносибати нахустин солгарди фоҷеаи Мино

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме бар талоши ҷиддии ин вазоратхона дар пайгирии фоҷеаи соли гузаштаи Мино то дастёбӣ ба ҳуқуқи қурбониён ва осебдидагони ин фоҷеа таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар паёме ба муносибати нахустин солгарди фоҷеаи Мино эълом кард, пайгирии ин фоҷеа то барқарории ҳуқуқи мусаллами шуҳадо, қурбониён ва осебдидагону бозмондагони шаҳидон аз дастури кори Вазорати хориҷаи Эрон хориҷ нахоҳад шуд ва бидуни тардид яке аз муҳиммтарин авомили муассир дар чигунагии бархурд бо режими Саудӣ дар оянда хоҳад буд.

Зариф дар ин паём бо ишора ба фаро расидани мавсими ҳаҷ ва гиромидошти ёди ҳазорон қурбонии фоҷеаи Мино таъкид кард, фоҷиаҳое, ки дар солҳои гузашта барои ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром иттифоқ афтоданд, нишон медиҳад чигуна режими Саудӣ бо гаравгон гирифтани маконҳои муқаддаси исломӣ, аз онҳо барои иҷрои сиёсатҳои кинатӯзона ва фирқаии худ дар хидмат ба истикбор ва саҳюнизм баҳрабардорӣ мекунад.

Дар ин паём омадааст: "Лаҷоҷат, таассуб ва сарвати беҳадду андозаи ҳокимони саудӣ, аз режими Оли Сауд ҳукумати бераҳм ва бемантиқ сохтааст, ки бо тавлид, парвариш ва густариши терроризм, минтақа ва ҷаҳонро ба таассуфбор ва фоҷеабортарин шароити худ дар таърихи муосир кашонда ва миллату давлатҳои онро гирифтори кинаварзӣ ва шароратҳои нобихрадонаи худ кардааст".