Ноябр 08, 2018 17:42 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ дар ғаму андӯҳи шаҳодати Имом Ризо (а)

Дар солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а), Эрони исломӣ сиёҳпӯш ва ғарқ дар мотам ва андӯҳ аст.

Имрӯз (панҷшанбе) 29 сафари соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 8 ноябри 2018, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯз аз моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти Паёмбар (с) аст.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар шаҳри Машҳад дар шимолушарқи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (а) дар шаҳри муқаддаси Қум, бо ҳузур дар ин маконҳо ба азодорӣ пардохтанд.

Азодорон дар дигар шаҳрҳои Эрон ҳам бо ҳузур дар амокини мазҳабӣ ба ҳамли байрақҳои сабз ва сиёҳ ва навҳахонӣ ва синазанӣ дар сӯги ҳазрати имом Ризо (а),  аздороӣ карданд.