Хушрӯ: Ҷомеаи байналмилал бояд муқобили якҷонибагароии Амрико биистад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39330-Хушрӯ_Ҷомеаи_байналмилал_бояд_муқобили_якҷонибагароии_Амрико_биистад
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа сиёсатҳои якҷониба ва иқдомоти ғайриқонунии Амрикоро муғойир бо ҳокимияти қонун, усули ҳоким бар эъломияи СММ ва чандҷонибагароӣ донист ва таъкид кард, ҷомеаи байналмилал бояд муқобили якҷонибагароии Амрико биистад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 10, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Хушрӯ: Ҷомеаи байналмилал бояд муқобили якҷонибагароии Амрико биистад

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа сиёсатҳои якҷониба ва иқдомоти ғайриқонунии Амрикоро муғойир бо ҳокимияти қонун, усули ҳоким бар эъломияи СММ ва чандҷонибагароӣ донист ва таъкид кард, ҷомеаи байналмилал бояд муқобили якҷонибагароии Амрико биистад.

Ғуломалӣ Хушрӯ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал бо мавзӯи “Сулҳ ва амнияти байналмилал” бо баёни ин ки сиёсатҳои худхоҳона ва иқдомоти якҷонибаи Амрико бунёнҳои ҳамкории байналмилалӣ ва чандҷонибагароиро ба хатар андохтааст, изҳор дошт, натиҷаи ин рӯйкарди Амрико хуруҷи Вашингтон аз Шӯрои ҳуқуқи башар, ЮНЕСКО, Паймони Порис ва БарҶом шуд.

Намояндаи доими Эрон дар СММ хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бозгардонидани якҷонибаи таҳримҳоро нақзи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният баршумурд ва хотирнишон кард, барои нахустин бор дар таърихи Созмони Милал, Амрико ба унвони як узви доим ва дорои ҳаққи вето, дигар миллатҳои ҷаҳонро на ба далели нақзи як қатъномаи Шӯрои амният, балки ба хотири пайравӣ аз он муҷозот мекунад.

Хушрӯ изҳор дошт, ин таҳдиде ҷиддӣ алайҳи эъломияи милали муттаҳид ва равобити байналмилал аст, ки ниёзманди посухи фаврӣ ва ҷиддии байналмилалист.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин ба худдории Амрико аз иҷрои ҳукми ахири Девони Байналмилалии Додгустарӣ ишора кард ва хостори маҳкумият ва мардуд донистани таҳримҳои Амрико аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ на танҳо дар ҳарф, балки дар амал шуд.

Хушрӯ гуфт, бар асоси 12 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал карда ва дар оянда низ ба иҷрои тааҳҳудоташ мутаносиб бо манофее, ки дарёфт мекунад, идома хоҳад дод.

Дар нишасти Шӯрои амният бисёре аз давлатҳо аз лузуми тақвияти чандҷонибагароӣ ҳимоят ва ба сурати ошкор ё зимнӣ якҷонибагароӣ ва сиёсати Амрико дар қиболи БарҶомро мавриди интиқод қарор доданд.