Ноябр 10, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими футболи соҳилии Эрон ба финали Ҷоми байниқораӣ

Тими футболи соҳилии Эрон бо бартарии се бар як муқобили Миср, ба финали рақобатҳои Ҷоми байниқораӣ роҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, тими футболи соҳилии Эрон рӯзи ҷумъа дар марҳалаи ниманиҳоии футболи соҳилӣ дар Иморот, ба масофи тими Миср рафт ва ин тимро се бар як шикаст дод ва ба дидори ниҳоии ин турнементи муътабари байналмилалӣ роҳ ёфт.

Тими футболи соҳилии Эрон имрӯз, шанбе барои касби унвони қаҳрамонии ин рақобатҳо ба масофи барандаи дидори Русия ва Бразилия меравад.

Ин севумин ҳузури тими Эрон дар финали Ҷоми байниқораӣ аст.

Тими Эрон дар марҳалаи гурӯҳии ин рақобатҳо баробари Амрико, Таҳити ва Русия ба бартарӣ даст ёфт.

Рақобатҳои Ҷоми байниқораӣ бо ҳузури ҳашт тими бартари ҷаҳон (Испания, Бразилия, Иморот, Миср, Эрон, Русия, Таҳити ва Амрико) ба мизбонии Иморот баргузор мешавад.