Ноябр 10, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мардуми Эрон тавтеаҳои амрикоиҳоро хунсо карданд (видео)

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон бо истиқомат ва истодагии худ, нақшаҳо ва тавтеаҳои амрикоиҳоро, ки фикр мекарданд чаҳоруми ноябр мабдае барои расидан ба орзӯҳои нодурусташон хоҳад буд, хунсо карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар поёни нишасти муштараки сарони қувои Эрон дар Теҳрон афзуд, амрикоиҳо бо таҳримҳои нобаҷо ва ғалати худ зидди Эрон ва ҳадаф қарор додани системаи бонкӣ, содироти нефт ва бархе дигар аз ақломи содиротии кишвар, мехоҳанд бар зиндагӣ ва маишати рӯзмарраи мардуми таъсири манфӣ бигузоранд.

Рӯҳонӣ тасреҳ кард, ин ҳарф, ки Амрико ба думболи фишор бар мардум нест ва ба думболи фишор бар низом ва ҳукумат аст, комилан носаҳеҳ ва нодуруст аст ва амрикоиҳо дар амал ин воқеиятро ошкор карданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки амрикоиҳо эътироф карданд, ки наметавонанд содироти нефти Эронро ба сифр бирасонанд, афзуд, амрикоиҳо дар моҳҳои оянда ба хубӣ хоҳанд фаҳмид, ки роҳи ғалатеро интихоб кардаанд, зеро ин масир миллати Эронро барои тавлиди бештар ва равобити наздиктар бо ҳамсоягон ва кишварҳои дӯсти худ омодатар мекунад.

 

Барчасп