Ноябр 11, 2018 17:42 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти аъзои Федератсияи Ҷаҳонии Бурсҳо ба бурси Теҳрон расид

Рушди арзиши бозори бурси Теҳрон дар як соли гузашта рутбаи нахустро дар миёни аъзои Федератсияи Ҷаҳонии Бурсҳо ба даст овард.

Дабирхонаи Федератсияи Ҷаҳонии Бурсҳо (WFE) эълом кард, арзиши бозори бурси Теҳрон дар 12-моҳаи мунтаҳӣ ба поёни сентябри соли 2018 бо беш аз 120 дарсад боздеҳ (бар асоси пули миллии Эрон) мақоми нахустро дар миёни аъзои федератсия ба худ ихтисос дод.

Мизони боздеҳи арзиши бозори бурси Теҳрон ба доллар дар ин давра ҳудуди 74 дарсад муҳосиба шудааст, ки аз ин назар низ дар болотарин ҷойгоҳ дар миён соири аъзои Федератсияи Ҷаҳонии Бурсҳо қарор гирифтааст. Арзиши долларии бурси Теҳрон дар поёни сентябри соли 2018 муодили 173 миллиард доллар эълом шуд. Ҳамчунин шохиси кулли бурси Теҳрон дар давраи яксолаи мунтаҳӣ ба поёни сентябри соли 2018 рушди қобили мулоҳизае дошт ва беш аз 127 дарсади боздеҳиро аз они худ кард.