Ноябр 11, 2018 18:42 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли СҶГ: Эрон дар меҳмоннавозӣ барои ҷаҳониён шинохташуда аст

Дабири куллии Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ гуфт, меҳмоннавозӣ дар гардишгарӣ шохисае болотар аз фарҳангу суннатҳост ва Эрон дар меҳмоннавозӣ барои ҷаҳониён шинохташуда аст.

Ба гузориши ИРНА, Зорроб Пулликашвили, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ имрӯз, якшанбе дар нишасти хабарии аъзои вобастаи Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ дар Теҳрон Эронро кишвари ҷаззоб дониста гуфт, авлавият қарор додани гардишгарӣ дар садри иқдомоти давлати Эрон ҷойи қадрдонӣ дорад. Алиасғари Мунисон, раиси Созмони мероси фарҳангии саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон низ дар ин нишаст гуфт, Эрон дар миёни даҳ кишвари пурзарфият дар заминаи гардишгарӣ аст ва дар заминаҳои меъморӣ, табиати зебо, фарҳанг ва ҷаззобиятҳои фаровоне дорад.

Алиасғари Мунисон ба иҷлос ва нишасти аъзои вобастаи Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ, ки қарор аст, дар Ҳамадон баргузор шавад, ишора карда гуфт, дар ин иҷлос 27 кишвар ҳузур доранд ва ба таври ҳатмӣ ба тавсеаи гардишгарии Эрон кумак хоҳад кард.

Чиҳилумин нишасти аъзои вобастаи Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ аз 12 ноябр то 14 ноябр дар шаҳри Ҳамадон (ғарби Эрон) баргузор мешавад.

 

 

Барчасп