Таъсиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон
Бо баргузории маҷмаи муассисон, Утоқи муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон ташкил шуд ва аъзои ҳайати мудираи он интихоб шуданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Утоқи бозаргонии саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон, ин маҷмаъ рӯзи якшанбе 11 ноябр бо ҳузури Пидроми Султонӣ ноиби раиси Утоқи бозаргонии Эрон ва чанд тани дигар аз мақомҳои бозаргонии Эрон ва бо ҳузури мушовири сафири Тоҷикистон дар Эрон, баргузор шуд.
Ноиби раиси утоқи бозаргонии Эрон дар ин нишаст гуфт: Дар минтақа чанд кишвар дорои забони муштараки форсӣ ҳастанд, аммо мутаассифона камтар таваҷҷуҳе ба сармоягузорӣ ва тавсиаи равобити иқтисодӣ бар асоси ин иштирок сурат мигирад, дар ҳоле ки забони форсӣ метавонад нақши муассире дар рушд ва тавсиаи тиҷорат ва ҳамгароии иқтисодӣ ифо кунад.
Султонӣ аз ташкили нахустин Маҷмаи бахши хусусии форсизабонон дар ояндаи наздик хабар дод ва гуфт: Яке аз барномаҳои ин давраи ҳайати раисаи Утоқи бозаргонии Эрон гирди ҳам овардани утоқҳои форсизабон аст ва умедворем то бо ташкили ин маҷмаъ, маҳалле барои табодули андеша ва назароти фаъолони бахши хусусӣ шакл бигирад, то ба сурати ҳамоҳанг дар чорчуби тавсиаи иқтисодӣ, ниҳодсозӣ кунем.
Ноиби раиси утоқи Эрон зимни ибрози хушҳолӣ аз ташкили утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Фаъолони иқтисодӣ ва ширкатҳои тоҷикистоние, ки алоқаманд ба ҳузур дар ин утоқи муштарак бошанд, метавонанд бо дарёфти муаррифинома аз сафоратхона ё ташаккули иқтисодии марбута ба узвияти Утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Тоҷикистон дароянд.
Муродҷон Бурибоев мушовири сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ ҳимояти ин кишвар аз таъсиси Утоқи муштараки бозаргонӣ бо Эронро ҳокӣ аз азми Тоҷикистон барои таҳкими равобит бо Эрон донист.