Ноябр 13, 2018 14:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳамадон - мизбони иҷлоси ҷаҳонии гардишгарӣ

Ҳамадон ин рӯзҳо мизбони иҷлоси ҷаҳонии гардишгарӣ аст.

Чиҳилумин нишасти солонаи Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ (World Tourism Organization (UNWTO) аз дирӯз (душанбе) дар Ҳамадон (ғарби Эрон) оғоз ба кор кардааст.

Моҳи сентябри соли гузашта, дар бистудувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ (СҶГ), дар шаҳри Ченгдуи Чин мизбонии нишасти Маҷмаи умумии СҶГ дар соли 2018 ба Ҳамадон тааллуқ гирифт.

Дар ин иҷлос 80 нафар аз аъзои Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ аз 30 кишвар ҳузур доранд.

Зорроб Пулликашвили, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ дар маросими кушоиши ин иҷлос изҳор дошт, меҳмоннавозӣ дар гардишгарӣ шохисае болотар аз фарҳанг ва суннатҳо аст ва меҳмоннавозии эрониён барои ҷаҳониён шинохташуда аст.

Вуҷуди як миллион асари таърихӣ ва фарҳангӣ ва ҳазорон асари миллӣ ва сабти 23 асари ҷаҳонӣ, Эронро ба унвони 10 кишвари бартари гардишгарии ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Бо ин нигоҳ, Ҳамадон ба унвони яке аз захоири таърих ва тамаддуни Эрон аз сӯйи Конфронси гуфтугӯи ҳамкории осиёӣ ба унвони пойтахти гардишгарии Осиё дар соли 2018 интихоб шудааст. Ин иҷлос акнун оғози роҳе пурсамар барои муаррифии захоири арзишманд ва камназири фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон, аз ҷумла ҷозибаҳои таърихӣ, ҳунарӣ ва табиати зебои устони Ҳамадон аст.

Ҳамидризо Ёрӣ, узви ҳайати раисаи СҶГ бо баёни ин ки барои нахустин бор Эрон мизбони чунин рӯйдоди шохисӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҳавзаи гардишгарии муртабит бо Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ аст, мегӯяд: “Иҷлоси ҷаҳонии гардишгарӣ беҳтарин фурсат барои муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Эрон ва Ҳамадон ба гардишгарони саросари ҷаҳон аст. Рӯйдодҳое аз ҷинси гардишгарӣ фарҳанги таомулот ва пайвандҳои миллатҳоро ниҳодина месозад”.

Гардишгарӣ дар бахшҳои зиёде таъсиргузор аст ва метавонад илова бар тавсеаи санъати туризм, бо муаррифии тамаддунҳо ва ҷозибаҳои гардишгарӣ, ҷойгоҳи миллатҳоро дар арсаи фарҳангҳои ҷаҳонӣ иртиқо бахшад.

Устони Ҳамадон, ки солҳо унвони пойтахти таърих ва тамаддуни Эронзаминро ба далели бархурдорӣ аз беш аз як ҳазору 800 асари таърихӣ ва гардишгарӣ ба худ ихтисос додааст, ба воситаи вуҷуди шумори зиёди осори таърихӣ, тафреҳӣ ва гардишгарӣ шинохташуда аст.

Оромгоҳи Абӯалӣ Сино, оромгоҳи Бобо Тоҳир, тепаи Ҳигматона ва гунбади Алавиён, оромгоҳи Мирразиуддини Ортимонӣ ва мақбараи Ҳайақуқ Набӣ (а) аз ҷумлаи осори таърихӣ ва бостонии ин устон аст, ки агар сангнавиштаҳои Ганҷнома, калисоҳои Анҷели ва Григорийро ба ин маҷмӯа изофа кунем, онгоҳ хоҳем дид, ки таърих ва фарҳанги ғанӣ ва деринаи Эрон воқеияте инкорнопазир аст, ки наметавон нодидааш гирифт.

Мизбонӣ аз ин иҷлос дар шароите, ки Амрико бо таблиғоти манфӣ мекӯшад Эронро мунзавӣ нишон диҳад, фурсати муғтанаме барои намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ аст то фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни деринаи миллати Эронро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд.