Ноябр 15, 2018 13:19 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо мардуми Амрико

Дар пайи оташсӯзии маргбор дар иёлати Калифорнияи Амрико, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбе бо мардуми ин кишвар ва хонаводаҳои мусибатзада ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, оташсӯзии густурда дар иёлати Калифорнияи Амрико, ки аз ҷумъаи гузашта оғоз шудааст, то кунун 50 қурбонӣ гирифтааст.

228 нафар ҳам бар асари ин оташсӯзӣ нопадид шудаанд.

Ин оташсӯзӣ ҳамчунин то кунун беш аз ҳашт ҳазору 800 манзили маскунӣ ва сохтмони тиҷорӣ ва низ 125 ҳазор гектар аз ҷанглҳои иёлати Калифорнияро нобуд кардааст.