Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Трамп Амрикоро манфуртар кардааст
(last modified Fri, 16 Nov 2018 13:40:27 GMT )
Ноябр 16, 2018 18:40 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Трамп Амрикоро манфуртар кардааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, раиси ҷумҳурии Амрико чеҳраи ин кишварро дар ҷаҳон манфуртар кардааст.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ҳеҷ замоне дар Амрико, чеҳраи раиси ҷумҳурии ин кишвар манфуртар аз замони кунунӣ набудааст.

Вай афзуд: давлати Амрико бо фасодҳои густурда ва ҷанги хунин ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва Арабистон бадтарин чеҳраро дар дунё дорад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Дар муқобил, рӯз ба рӯз бар иззати Эрони исломӣ дар ҷаҳон афзуда мешавад ва кишварҳои ҷаҳон, низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро амин ва содиқ медонанд ва ба ин мавзӯъ пай бурдаанд, ки бар хилофи таблиғоти дурӯғи Амрико, Эрон ҳаргиз ба дунболи ҷанг ва хунрезӣ набудааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҷиноятҳои режими Оли Сауд дар баробари мардуми Яман ва ҷинояти саҳюнистҳо зидди мардуми Фаластин гуфт: Ҷиноятҳои Оли Сауд ва режими саҳнистӣ дар минтақаи ғарби Осиё бо ҳимоятҳои Амрико анҷом мешавад.