Тавофуқи Эрон ва Қазоқистон барои судури визаи яксола
(last modified 2018-11-17T10:09:53+00:00 )
Ноябр 17, 2018 15:09 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Қазоқистон барои судури визаи яксола

Мақомоти Қазоқистон ва Эрон барои судури визаи яксола барои ронандагони ширкатҳои ҳамлунақли Қазоқистони ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши ИРНА, Тобулди Умбет Бойир, мудири идораи консулии Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ва Алиасгари Муҳаммадӣ, мудири бахши хадамоти консулии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи судури визаи яксола барои ронандагони ширкатҳои ҳамлунақли қазоқистонӣ тавофуқ карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин тарафайн нисбат ба густариши ҳамкориҳо миёни Эрон ва Қазоқистон дар заминаи консулӣ ба баҳсу гуфтугӯ пардохтанд.

Дар ин дидор ҳайати қазоқистонӣ бо ҳайати эронӣ дар мавриди масоиле монанди судур виза, ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони ду кишвар ба музокира пардохтанд.

 Ҳайати муташаккил аз вазорати кишвар ва умури хориҷаи Қазоқистон барои ҳузур дар ҳаштумин нишасти машварати консулӣ миёни Эрон ва Қзоқистон ба Эрон сафар кардааст.

 

Барчасп