Ноябр 17, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Ироқ бар иртиқои равобити иқтисодии ду кишвар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, имкони иртиқои равобити иқтисодии Эрон ва Ироқ то 20 миллиард доллар вуҷуд дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ дар Теҳрон бо ишора ба нишасти ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар гуфт, дар ин нишаст зимни баррасии равобити дуҷониба, ду тараф бар идомаи раванди тавсеаи равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таъкид ва бар ин нукта низ изъон доштанд, ки зарфиятҳои фаровоне барои тавсеаи равобит вуҷуд дорад, ки бояд аз онҳо баҳра гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, муқаддамоти иттисоли роҳи оҳани Шаламча дар ҷануби ғарби Эрон ба Басра дар ҷануби Ироқ, комилан муҳайё аст ва бо такмили 35 километр хатти оҳан, раванди интиқоли маҳмулаҳои тиҷорӣ ва мусофир миёни Эрон ва Ироқ, бавижа дар айёми Арбаин тасҳил хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ таъкид кард, амният ва тавсеаи Ироқ, амният ва тавсеаи Эрон аст ва равобити бисёр наздики ду миллат, бояд рӯз ба рӯз амиқтар ва ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвари дӯст, беш аз пеш тақвият шавад.

Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ низ гуфт, минтақа ниёзманди назми ҷадидӣ аст, то манофеи миллатҳо таъмин шавад, ки дар ин замина нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр муҳим аст.

Барҳам Солеҳ афзуд, Ироқ аҳамияти фаровоне барои пайвандҳои муштарак ва равобити ду кишвар қоил аст ва умедвор аст, ин равобит тавсеа ёбад.

Раисиҷумҳури Ироқ рӯзи шанбе барои дидор бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри ҳайати олирутба, вориди Теҳрон шуд.

 

 

Барчасп