Ноябр 18, 2018 11:04 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон

Хонаи тиҷорати Эрон дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳадафи ироаи дастовардҳои ширкатҳои донишбунёни эронӣ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, дар маросими ифтитоҳи Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон, ки бо ҳузури мақомоте аз Эрону Тоҷикистон ва мудирони сӣ ширкати донишбунёни эронӣ ва бозаргонони Қирғизистон баргузор шуд, аз фаъолият ва маҳсулоти ширкатҳои донишбунён ва маҳсулоти саноатию фанноварии эронӣ рӯнамоӣ шуд. Ҳамчунин Хонаи тиҷорати Эрон беш аз сесад маҳсули саноатӣ ва фанноварии Эронро дар ҳавзаҳои мухталифе чун кишоварзӣ ва чорводорӣ, беҳдошту саломат, маъдан ва мошинолоти саноатӣ, нассоҷӣ ва ғизо, полимер ва пластика, сохтмон ва электроника дар маҳалли намоишгоҳи доимӣ дар Қирғизистон дар маърази диди алоқамандон қарор додааст.

Нишасти тиҷории фанноварӣ байни ширкатҳои донишбунёни эронӣ ва ширкатҳои Қирғизистон аз дигар барномаҳои Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон аст.