Сентябр 11, 2016 20:34 Asia/Dushanbe
  • Иди саиди Қурбон бар мусулмонони ҷаҳон муборак!

Рӯзи душанбе, даҳуми зилҳаҷҷаи соли 1437-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 12-уми сентябри соли 2016 Иди саиди Қурбон, аз идҳои бузурги мусулмонон аст.

Дар Иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати Хонаи Худо шитофтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а) -ро зинда ва гиромӣ медоранд.

Иди Қурбон - иди фидокорӣ, аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.

Мусулмонони ҷаҳон низ рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.