Ноябр 21, 2018 19:46 Asia/Dushanbe

Ҳамоише бо мавзӯи Эрони бостон ва ҷанги эрониён бо сокинони ҷануби Русия, маъруф ба “saka”-ҳо дар Киев, пойтахти Украина баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар ин семинари таърихӣ, ки дар маркази фарҳангии Плюмини Киев баргузор шуд, Сергей Червинский, таърихшиноси украинӣ барои алоқамандони таърихи Эрон дар бораи Эрони бостон ва чигунагии ҷанг миёни эрониён ва “сако”-ҳо, ки дар ҷануби Русияи кунунӣ мезистанд, суханонеро ироа кард.

Ин таърихшинос бо ишора ба лашкаркашии эрониён дар замони Ҳахоманишиён барои саркӯби “сако”-ҳо дар ҷануби Русияи кунунӣ гуфт, аҳамияти ин ҷанги таърихӣ ба ин далел аст, ки дар замони худ, ҷанги ҷаҳонӣ ба шумор меомад ва муҳиммтарин ҷанбаи он, ҷанги иттилоотӣ буд.

Червинский афзуд, ҷанги иттилоотии миёни ин ду тамаддуни бузург, боиси рушди санъати пуст(почта) ва фанноварии иттилоот шуд.

Вай гуфт, яке аз нукоти муҳим ва ҷолиби ин ҷанг, шаклгирии навъе иртиботи байналмилалӣ байни эрониён ва “сако”-ҳо буд, ки ҷудо аз музокира рӯ дар рӯ, паёмҳое байни сарони низомии ду тамаддун раду бадал мешуд.