Паёми раиси Маҷлиси Эрон ба муносибати фоҷиаи Мино
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз маҷомеи ҷаҳонӣ ба вижа ҳуқуқи башарӣ хост, мавзӯи ташкили кумитаи ҳақиқатёб барои фоҷиаи соли гузаштаи Миноро дар дастури кор қарор диҳанд.
Алии Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Эрон, имрӯз душанбе дар паёме ба муносибати аввалин солгарди фоҷиаи Мино таъкид кард, ҷаҳони Ислом ва созмонҳои ҳуқуқи башарии дунё бояд, бо таассӣ ба виҷдони инсонӣ мавзӯи ташкили кумитаи ҳақиқатёб барои фоҷиаи Миноро дар дастури кори худ қарор диҳанд.
Дар ин паём омадааст, фоҷиаи Мино нишондиҳандаи бекифоятии коргузорони Ҳаҷ ва суимудирияти ҳокимон Арабистон дар идораи маносики ин фаризаи бузург унвон кард ва афзуд, нахустин солгарди шуҳадои фоҷиаи Мино ва истиқбол аз Иди Қурбон дар ҳоле баргузор мешавад, ки мардуми Эрон ва мусулмонони ҷаҳон ва виҷдонҳои огоҳи башарӣ ҳамчунон дар сӯги ғамномаи ҳазорон тан аз қурбониёни бегуноҳи ин фоҷиа басар мебаранд.
Лориҷонӣ дар ин паём таъкид кардааст, сиёсатҳои пуриштибоҳи ҷоҳталбони ҷавони режими Оли Сауд, ҳам аз таҷовуз ва таҳоҷум ба Яман, парвариш ва ҳимоят аз террористҳои такфирӣ дар минтақа ва иртиботи пинҳону ошкор бо режими ишғолгари Қудс аз муаллафаҳои барҷастаи бетадбирии Арабистон аст, ки ҷавҳари воқеии дини исломро ба мухотира афкандааст.