Ноябр 23, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкориҳои тиҷории Эрон ва Туркия бо вуҷуди таҳримҳои Амрико

Намояндаи анҷумани санъатгарон ва бозаргонони мустақили Туркия дар Эрон гуфт, бо вуҷуди таҳримҳои Вашингтон зидди Теҳрон, ҳамкориҳои тиҷорӣ байни Туркия ва Эрон ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Фотеҳ Чоёботмоз рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории Анатоли бо баёни ин ки тиҷорати байни ду кишвар мутаваққиф нахоҳад шуд, афзуд: Акнун ширкатҳои туркӣ ва эронӣ барои қарор нагирифтан дар  доираи таҳримҳо аз тариқи саррофиҳо тиҷорати худро идома медиҳанд.

Намояндаи анҷумани санъатгарон ва бозаргонони мустақили Туркия таъкид кард: Бар асоси қарордоди байни Туркия ва Эрон, пулҳои ҳосил аз фурӯши нафт ва газ ба Бонки Халқи Туркия супурда шудааст ва ба шакли риёл ва лира дар ихтиёри содир ва воридкунандагон қарор мегирад.

Вай тасреҳ кард, дар тиҷорат бо Эрон мушкиле дар интиқоли пардохтҳои маводи ғизоӣ ва доруӣ аз тариқи бонк вуҷуд надорад.

Таҳримҳои Амрико зидди Эрон шомили бахшҳои энержӣ, молӣ ва дарёӣ, ки дар чорчуби тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2015 лағв шуда буд, чаҳоруми ноябри 2018 бори дигар ба дастури Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико аз сар гирифта шуд.

 

Барчасп