Ноябр 24, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони сивудувумин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ

Сивудувумин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ аз имрӯз, шанбе то душанбеи 26 –уми ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар сивудувумин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Эрон бо шиори “Қудс; меҳвари ваҳдати уммат” беш аз 300 андешаманд, сиёсатмадор ва ҳунарманд аз 100 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд.

Яке аз вижабарномаҳои ин конфронс табйини дастовардҳои низоми ҷумҳурии исломӣ дар 40 соли гузаштааст.

Имсол се комиссия низ дар хусуси Фаластин таҳти унвонҳои “Фаластин ва муомилаи қарн”, “Фаластин ва Қудси шариф” ва “Фаластин ва ҳаққи бозгашт” баргузор мешавад.

Комиссияҳои дигар, шомили нишасти Иттиҳоди занони мусалмон, ҷамъиятҳои тақриби ниҳод ва иҷрои роҳбурди дипломатияи ваҳдат ва нишасти Иттиҳоди содоти набавӣ аст.

 

Барчасп