Хутбаҳои намози Иди Қурбон дар Теҳрон
(last modified Mon, 12 Sep 2016 14:04:40 GMT )
Сентябр 12, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Хутбаҳои намози Иди Қурбон дар Теҳрон

Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон, гуфт, фоҷиаи Мино нишон дод ҳуккоми Оли Сауд, лаёқати идораи Ҳарамайни Шарифайнро надоранд.

Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ, имрӯз (душанбе) дар хутбаҳои намози Иди Қурбон дар Теҳрон таъкид кард, ба далели белаёқатии ҳуккоми Оли Сауд дар идораи Ҳарамайни Шарифайн, бояд ҳайате аз нухбагони ҷаҳони Ислом идораи Ҳарамайни Шарифайн ва ё ҳаддиақал идораи маносики ҳаҷро ба ӯҳда бигиранд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни ин ки ҷинояти муфтиёни дин ба дунё фурӯшии Саудӣ, камтар аз ҷиноёти ҳуккоми онон нест, афзуд, муфтоёне, ки ҷиноёти такфириҳо ҳамагӣ аз омӯзаҳои хатарноки зидди башарии онҳост, талош мекунанд бо тавҷеҳоти нодуруст, ҷиноёти ҳуккоми Оли Саудро муқассир ҷилва надиҳанд.

Вай тасреҳ кард, ҷинояткорони Оли Сауд бояд дар додгоҳи исломӣ муҳокима ва муҷозот шаванд, чаро ки ҳеҷ кас тардид надорад, ки дар фоҷиаи Мино ҳуккоми Ои Сауд, на муттаҳам, балкӣ ҷинояткори хати муқаддам ва муқассир буданд.

Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт, беш аз ҳафт ҳазор мусулмон дар фоҷиаи Мино ҷон бохтанд, аммо ҳеҷ ниҳоде ва созмони байналмилалӣ, фарёди вокунишӣ ба он нишод надод.

Хатиби намози Иди Қурбон бо ишора ба талошҳои Эрон барои пайгирии фоҷиаи Мино ва таъкид бар ташкили кумитаи ҳақиқатёб тасреҳ кард, мудирияти Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар мавзӯи фоҷиаи Мино,мудирити шоистаи таҳсин ва намоди дифои як раҳбар аз ҳуқуқи миллаташ аст.

Вай бо ишора ба баргузории бо шукӯҳи маросими Арафа дар рӯзи якшанбе тасреҳ кард, имрӯз умати ислом бо душманоне мувоҷеҳ аст, ки на ислом ва на шиа ва суннӣ мехоҳанд, аммо шиа ва суннӣ бояд дар баробари душмани муштарак биистанд.