Ноябр 24, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти нафти Ҳинд аз Эрон дар моҳи октябр

Вазорати бозаргонии Ҳинд аз афзоиши 36 дарсадии воридоти нафти ин кишвар аз Эрон дар моҳи октябр нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Вазорати бозаргонии Ҳинд эълом кард, дар ҳафт моҳи аввали имсол воридоти нафт аз Эрон бо афзоиши 36.41 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта, ба 17.62 миллион тон нафти хом расид.

Бар асоси ин гузориш, аз назари арзиш воридоти нафти хоми Ҳинд аз Эрон бо 100 дарсад афзоиш ба 9.16 миллиард доллар дар ҳафт моҳи гузашта расид.

Идомаи хариди нафти Эрон аз тарафи Ҳинд дар ҳолест, ки Амрико аз Деҳлии нав хоста буд, ба манзури фишор бар Теҳрон аз Эрон нафт нахарад.

Пеш аз ин низ кишварҳое монанди Туркия, Ҷопон, Ҳинд ва Чин эълом карданд, аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Теҳрон барои нахаридани нафт аз Эрон пайравӣ нахоҳанд кард.

Амрико ҳаштуми майи 2018 бо хуруҷ аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) бори дигар таҳримҳои худ зидди Эронро ҷорӣ ва таҳдид кардааст, ҳар кишвареро, ки ба хариди нафт аз Эрон идома диҳад, таҳрим хоҳад кард.

 

 

 

 

 

 

Барчасп