Таъкиди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бар баҳрамандии Эрон аз БАРҶОМ
Иттиҳоди Аврупо ва вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар поёни нишасти муштараик Брюссел, дар баёнияе муштарак бар лузуми ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон ва Ғарб ва баҳрамандии Эрон аз мазоё(фоидаҳо) иҷрои ин тавофуқ таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо баъд аз поёни нишасти муштарак бо вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ, бар лузуми ҳифозат(нигаҳдорӣ) аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БАРҶОМ) таъкид кардааст.
Могерини дар конфронси хабарӣ бо баёни инки Эрон, ҳамсояи муштараки Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст, гуфт, тавофуқи ҳастаии Ғарб бо Эрон унсури калидӣ дар меъмории ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои атомӣ ва тақвияти амнияти Аврупо, Осиёи Марказӣ ва моварои он ҳаётӣ аст.
Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон мутааҳҳид ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон аст ва талошҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар заминаи итминон аз идомаи иҷрои комил ва муассири БАРҶОМ, бисёр ба мо кумак мекунад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, мо дар нишасти имрӯзамон бо ҳамаи панҷ вазири хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин мавзӯъро таъкид ва тасреҳ кардем.