Ду воқеаи муҳим дар равобити Эрон ва Аврупо
Муовини сиёсии вазири умури хорҷаи Эрон, семинари ҳамкории сулҳомези ҳастаии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ва гуфтугӯҳои олирутбаи сиёсии Эрон бо ин иттиҳодияро ду воқеаи муҳим тавсиф кард, ки дар равобити Эрон ва Аврупо иттифоқ меафтад.
Ба гузориши ИРНА, Сайидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хорҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар саҳфаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: Дар авҷи таҳримҳо ва фишорҳои Амрико, фардо ду воқеаи муҳим дар равобити Эрон ва Аврупо дар Брюссел иттифоқ меафтад, ки семинари ҳамкории сулҳомези ҳастаии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ва гуфтугӯҳои олирутбаи сиёсии Эрон бо ин иттиҳодия аст.
Алиакбари Солеҳӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи якшанбе дар садри ҳайате барои ҳузур дар севумин семинари олирутбаи ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо, ки 26 ва 27 ноябр дар Брюссел баргузор мешавад, роҳии Белгия шуд.
Дар ҳамин ҳол музокироти Эрон ва се кишвари аврупоӣ барои расидан ба "созукори вижаи молӣ" баъд аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМ ҳамчунон идома дорад.
Ҳелга Шмид муовини раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Сайидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дар семинари ҳамкориҳои сулҳомези ҳастаии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ хоҳанд кард.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, 8 май 2018 ба таври якҷонба хуруҷи кишварашро аз БАРҶОМ эълом кард ва таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд, ки ин иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ, ба вижа дигар тарафҳои имзокунанда БАРҶОМ рӯбарӯ шуд.
Англия, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо эълом карданд ба БАРҶОМ поибанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.