Тавсияи муҳимми фармондеҳи кулли қувои Ҷумҳурии исломӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
Раҳбар инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳон ва масъулони нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба онон таъкид карданд, омодагии худро ба ҳадде бирасонанд, ки ҳеҷ душмане ҷуръати таҳдиди Эронро ҳам надошта бошад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ ва фармондеҳи кулли қувои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор, ки ба муносибати 7 озар (28 ноябр) рӯзи нирӯи дарёӣ баргузор шуд, такя бар нерӯи инсонии ҷавони муъмин ва пурангезаро калиди ҳалли мушкилот дар ҳамаи бахшҳои кишвар, аз ҷумла нирӯҳои мусаллаҳ донистанд ва бар зарурати кори музоаф(дучандон) ва афзоиши омодагиҳо таъкид карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешрафтҳои артиш ва бавижа нерӯи дарёиро аз оғози инқилоби исломӣ то ба имрӯз, азим ва шигифтовар хонданд ва афзуданд, насли кунунии нерӯи дарёӣ ба ибтикор ва тавоноиҳои худ амиқан имон дорад ва таҳаққуқи падидаҳое ҳамчун пайвастани новшикани “Саҳанд”ва зердрёиҳои “Фотеҳ” ва “Ғадир” ба новгони дарёии кишвар, башоратдиҳандаи пешрафтҳои рӯзафзун аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзоиши омодагии нирӯҳои мусаллаҳи Эронро мӯҷиби боздорандагӣ ва тарси душманон донистанд ва гуфтанд, Ҷумҳурии исломӣ қасди оғози ҷанг бо касеро надорад, аммо бояд ончунон тавоноиҳои худро афзоиш диҳад, то душман натанҳо аз ҳамла ба Эрон бимнок ва ҳаросон бошад, балки ба баракати ҳамбастагӣ, иқтидор ва ҳузури муассири нирӯҳои мусаллаҳ дар майдон, сояи таҳдид низ аз сари миллати Эрон дур шавад.