Декабр 01, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти коло байни Хуросони Разавӣ ва Осиёи Марказӣ

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон гуфт, ҷо ба ҷоии рейлии коло байни Хуросони Разавӣ ва Осиёи Марказӣ дар нимаи нахусти имсол нисбат ба муддати мушобеҳи порсол, 57 дарсад афзоиш ёфт.

Муҳаммадҳодӣ Зиёимеҳр дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА афзуд,  дар ин муддат як миллиону 254 ҳазор тонн колои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ бо 21 ҳазор дастгоҳ вагон аз тариқи марзи рейлии Сарахс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодила шуд.

Вай афзуд: “Ин колоҳо шомили семент, маводи санъатӣ, маводи палостикӣ, масолеҳи сохтумонӣ, ранг, маводи ғизоӣ, анвои хоки санъатӣ ва маъданӣ, хӯроки дом, ғаллот ва маводи санъатӣ буда, ки ба Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон содир шудааст”.

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон гуфт: “66 дарсади колоҳои мубодила шуда низ бо 14 ҳазор дастгоҳ вагон аз кишварҳои Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон боргирӣ ва ба мабодии марзии Эрон бавижа Бандар Аббос ҳамл шудааст”.