Ҳузури сафирони омӯзиши забони русӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад
(last modified Sun, 02 Dec 2018 09:08:36 GMT )
Декабр 02, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури сафирони омӯзиши забони русӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад

Ҳайати сафирони омӯзиши забон русӣ ба манзури ошноии донишҷӯён бо равишҳои ҷадиди омӯзиши ин забон дар гурӯҳи забони русии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳузур доранд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, мудири гурӯҳи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад бо ишора ба имзои тафоҳумномаи ҳамкории байни ин донишгоҳ бо 10 донишгоҳи бартари кишвари Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи Санкт-Петербург ва Донишгоҳи федералии Қазон гуфт: Дар ҳамин росто сафирони забони русӣ аз Донишгоҳи федералии Қазон барои омӯзиши равишҳои навини ёдгирии ин забон ба муддати як ҳафта аз аввал то 7 декабр дар гурӯҳи забони русии донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ ҳузур доранд.

Доктор Ҳусайни Мустафавӣ таъкид кард: Сарпарасти ин гурӯҳ хонум Бучина Татяна Генадевна профессори Донишгоҳи федералии Қазон ва чаҳор нафар ҳайати ҳамроҳи вай низ устодон ва донишҷӯёни мақтаи докторӣ ҳастанд.

Ба гуфта вай, ин коршиносон дар қолаби барномаи фишурдаи баргузории семинар ва давраҳои омӯзишӣ бо гурӯҳи забони русии Донишгоҳи Фирдавсӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Мустафавӣ ҳамчунин аз эҳтимоли роҳандозии мақтаи коршиносии аршади забони русӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад бо ҳамкории ин донишгоҳ дар соли оянда хабар дод ва гуфт: Ҳамакнун дар ҳоли ройзанӣ бо ин донишгоҳ ва ҳамчунин Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ҷиҳати баҳрамандӣ аз устодон дар Эрон ва ё эъзоми донишҷӯ ба Русия ҳастем, ки ин барои ҳар ду тараф муҳим ва муфид хоҳад буд.

Мудири гурӯҳи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гуфт, гурӯҳи забони русии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аз ҷумлаи беҳтарин гурӯҳҳои омӯзиши забони русӣ дар байни донишгоҳҳои Эрон аст, ки то кунун донишҷӯёни бисёреро дар мақтаи коршиносӣ тарбият карда ва ҳарсола ин донишҷӯён муваффақ ба касби беҳтарин рутбаҳо дар мақтаи коршиносии аршад будаанд.