Декабр 03, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили беш аз 100 ҳазор талаба аз 136 кишвар дар Ҷомеъатул Мустафо

Муовини пажуҳишии Ҷомеъатул Мустафо алъоимияи Эрон гуфт: дар ҳоли ҳозир беш аз 100 ҳазор талаба аз 136 кишвар дар Ҷомеъатул Мустафо дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Исно; "Алиризо Бениёз" муовини пажуҳишии Ҷомеъатул Мустафо алъолимия бо ишора ба инки беш аз як ҳазор ҳавза дар ҳудуди 80 кишвар зермаҷмуъаи ин ниҳоди илмӣ машғул ба фаолият ҳастанд афзуд: 50 ҳазор нафар аз донишомухтагони Ҷомеъатул Мустафо алъолимия дар Эрон ба кишварҳои худ бозгаштаанд.

Бениёз бо баёни инки токунун дар Ҷомеъатул Мустафо алъолимия 91 анҷумани илмӣ-донишпажуҳӣ ба забонҳои мухталиф дар дигар кишвар таъсис шудааст таъкид кард: аз ҷумла фаолиятҳои ин анҷуманҳо, интишори 47 маҷалла, нашрия, фаслнома ва моҳнома ба забонҳои мухталиф аст.

Муовини пажуҳишии Ҷомеъатул Мустафо алъолимия  хотирнишон кард: дар даҳ соли гузашта, 3 ҳазору 766 ҷилд китоб дар Ҷомеъатул Мустафо алъолимия тадвин ва чоп шуда, ки як ҳазору 729 маврид аз ин теъдод ба 25 забони мухталиф тарҷума шудааст.

Ҷомеъатул Мустафо алъолимия ниҳоди илмӣ ва байналмиллалӣ бо ҳувияти ҳавзавӣ аст, ки бо ҳадафи густариши улуми исломӣ ва тарбияти талабаҳои ғайри эронӣ ташкил шудааст.

 

Барчасп