Декабр 03, 2018 12:45 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими мунтахаби куштии озоди Эрон дар мусобиқоти байналмилалии Маскав

Тими Эрон бо касби 4 пирӯзӣ ба унвони қаҳрамони мусобиқоти байналмилалии Маскав дар куштии озодро касб кард.

Ба гузориши Спутник, дар варзишгоҳи Динамо, дар рақобатҳои байналмилалии куштии озоди “Ҷоми Алроса”, рӯзҳои 1 ва 2-уми декабр дар шаҳри Маскав ва бо ҳузури 5 тими Русия, Эрон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Узбакистон ва дар 6 вазни олимпӣ баргузор шуд, тими Эрон бо касби 4 пирӯзӣ ба унвони қаҳрамони ин мусобиқот даст ёфт. Русия ва Узбакистон ба тартиб дувум ва сеюм шуданд.

Аз сӯи дигар, мусобиқоти инфиродии ин рақобатҳо дар як вазн мобайни нафароти ҳозир дар вазнҳо 97 ва 125 килограмм баргузор мешавад, ки Аббоси Фурӯтан ва Идола Муҳибӣ дар ин рақобатҳо ба масофи рақибони худ мераванд. Ба нафароти бартари ин мусобиқот ба тартиб 3,2 ва як ҳазор доллар ҷоизаи нақдӣ тааллуқ мегирад.