Декабр 03, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Созу кори молии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон дар ҳоли пайгирӣ

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Созу кори молии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо SPV ҳамчунон дар ҳоли пайгирӣ аст.  

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи тӯлонӣ шудани замони иҷрои тааҳҳудоти Аврупо пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ гуфт: Раванди иҷро шудани созу кори молӣ бо Аврупо ё ҳамон SPV замонбар аст ва печидагии мавзуъ ҳамроҳ бо фишорҳои беҳаду андозаи Амрико мавонееро эҷод кардааст.

Вай афзуд: Таваққуоти ҷумҳурии исломии Эрон аз Аврупо дар ин замина комилан равшан аст ва исрор дорем, тарафҳои мутааҳҳид, бо ирода ва ҷиддияти бештар ба такмили ин созу кор иқдом кунанд.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи мавҷи ҷадиди таблиғоти Амрико зидди барномаи мушакии Эрон ва суҳбатҳои Браян Ҳук, раиси гурӯҳи иқдоми Эрон дар Вазорати хориҷаи Амрико, ки аз гузинаи низомӣ алайҳи Эрон сухан ба миён оварда буд низ гуфт: Бисёре аз изҳороти ин мақоми амрикоӣ, ки ҳар аз гоҳ ба намоишҳои кӯдакона табдил мешавад, арзиши посухгӯӣ надорад, зеро аз беху бун бемантиқ аст.

Қосимӣ таъкид кард: Тақвияти тавони дифоӣ бахше аз сиёсати дифоӣ ва боздорандагии ҷумҳурии исломӣ аст ва дигарон наметавонанд Эронро аз тақвияти дифоӣ манъ кунанд.

 

 

 

Барчасп