Русия: Эронро таҳрик ба хуруҷ аз БАРҶОМ накунед
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39949-Русия_Эронро_таҳрик_ба_хуруҷ_аз_БАРҶОМ_накунед
Сухангуи раисҷумҳури Русия ба тарафҳои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак мавсум ба БАРҶОМ ҳушдор дод, ки даст ба иқдомоте назананд, ки Эронро таҳрик ба хуруҷ аз БАРҶОМ кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Русия: Эронро таҳрик ба хуруҷ аз БАРҶОМ накунед

Сухангуи раисҷумҳури Русия ба тарафҳои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак мавсум ба БАРҶОМ ҳушдор дод, ки даст ба иқдомоте назананд, ки Эронро таҳрик ба хуруҷ аз БАРҶОМ кунад.

Дмитрий Песков афзуд: Тарҳи ҷойгузине барои тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) вуҷуд надорад ва Русия низ монанди ҳамаи кишварҳо хоҳони ҳифзи ин тавофуқ аст.

Сухангуи раисҷумҳури Русия гуфт: Мо аз ҳама даъват мекунем, ки гомҳое барнадоранд, ки Эронро ба хуруҷ аз ин тавофуқ таҳрик кунад.

Вай ҳушдор дод: Мо муътақидем, ки хуруҷи Эрон аз БАРҶОМ паёмадҳои бисёр манфӣ хоҳад дошт, ба ҳамин далел будааст, ки иқдоми Амрико мабнӣ бар хуруҷ аз БАРҶОМ-ро маҳкум мекунем.  

Ба гуфтаи Песков, таҳримҳои Вашингтон дар қиболи Теҳрон, ки бар хилофи тасмими Шӯрои амният аст, набояд монеи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи иқтисодӣ ва бозаргонии дигар кишварҳои бузурги ҷаҳон бо Эрон шавад.

Вай таъкид кард: Русия равобити баландмуддат ва наздик бо Эрон дорад ва ин кишвар ҳам нақши бисёр муҳимеро дар умури минтақаӣ ва дар раванди ҳалли масоили Сурия ифо мекунад.