Вазири хазонадории Амрико: Амрикоиҳо бояд аз БАРҶОМ хушҳол бошанд
Вазири хазонадории Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки амрикоиҳо бояд аз ҳосил шудани тавофуқи ҳастаӣ байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 хушҳол бошанд.
Ҷейкоб Лу, вазири хазонадории Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки амрикоиҳо бояд аз ҳусули тавофуқи БАРҶОМ байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 хушҳол бошанд.
Вай дар нишасти рӯзи душанбе дар андешакадаи Шӯрои равобити хориҷии Амрико аз пардохти 1.7 миллиард доллар пули нақд ба Эрон барои ҳаллу фасли як муноқишаи ҳуқуқӣ байни ду кишвар, ки ахиран ба ҷанҷолҳои фаровоне дар Амрико мунҷар шуда, дифоъ кард.
Вай дар як ҷаласаи пурсиш ва посух дар андешакадаи Шӯрои равобити хориҷии Амрико гуфт: "Дар дунёе, ки шумо дастрасии Эрон ба низоми молии дунёро қатъ кардаед, онҳо хостори дастрасии сареъ ба пул буданд, ки ин иттифоқ вақте созиш вуҷуд дошта бошад, иттифоқи ғайримаъмулӣ нест ва пардохти нақдӣ, равише буд, ки интихоб шуд".
Дар рӯзҳои гузашта намояндагони Конегресси Амрико иқдоми давлати Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико бобати пардохти 1.7 миллиард доллар пули нақд ба Эронро мавриди интиқод қарор додаанд. Мунтақидон иддао мекунанд, пардохти ин пул бобати озодии чанд шаҳрванди амрикоии зиндонии дар Эрон буда ва ба ҳамин далел мисдоқи таърифи "боҷ" мешавад.
Вазири хазонадории Амрико изофа кард: "Ба назари ман ин мавзӯъ вақте, ки интиқоли пул ба сурати электронӣ ё нақдӣ бошад, фарқе намекунад. Тавофуқ иттифоқ афтода буд, ки барои мардуми Амрико миллиардҳо доллар пули мардуми Амрикоро наҷот дод ва як муноқишаи ҳуқуқии тӯлонимуддатро ҳаллу фасл кард".
Ҷейкоб Лу дар бахши дигаре аз ин суханронӣ таъкид кард, ки тавофуқи ҳастаӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, беш аз ҳар иқдоми дигаре монеъ аз дастёбии Эрон ба силоҳҳои ҳастаӣ шудаанд.
Вай гуфт: "Амрикоиҳо бояд хушҳол бошанд, ки мо бо Эрон ба як тавофуқи ҳастаӣ расидаем. Онҳо бояд хаёлашон роҳат бошад, чун хатари шикояте, ки метавонист барои Амрико миллиардҳо доллар ҳазина дошта бошад, рафъ шудааст. Ва онҳо бояд хушҳол бошанд, чун иддае аз шаҳрвандони Амрико, ки мехостанд ба ватанашон баргарданд, муваффақ ба анҷоми ин кор шудаанд".