Декабр 06, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Эрон бо коҳиши тавлиди нафти худ

Вазири нафти Эрон гуфт: То замоне, ки Эрон бо таҳрим рӯ ба рӯст, дар ҳеҷ тавофуқе барои тавлид ширкат намекунад.

Бежани Зангана чаҳоршанбе ҳангоми вуруд ба Вена барои ширкат дар саду ҳафтоду панҷумин Нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Пешниҳодҳои зиёде дар бораи коҳиши тавлиди нафт матраҳ аст, аммо Эрон бояд аз ҳар тасмиме дар бораи сатҳи тавлиди нафт истисно шавад.  

Вай қиммати муносиби ҳар бушка нафтро 60 то 70 доллар донист ва гуфт, дар бораи миқдори тавлид ва содироти нафти Эрон ва ҳар мавзуе, ки ба Амрико барои афзудани фишорҳо бар Эрон кумак кунад, ҳарфе нахоҳад зад.

Вай дар бораи дархости узвияти Амрико дар ОПЕК ҳам гуфт, ОПЕК созмоне мустақил аст ва бахше аз Вазорати энержии Амрико нест, ки аз Вашингтон дастур бигирад.

Саду ҳафтоду панҷумин Нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) имрӯз панҷшанбе дар Вена, пойтахти Австрия баргузор мешавад.