Декабр 06, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти инфиҷори террористии Чобаҳори Эрон аз тарафи Покистон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон, инфиҷори террористӣ дар Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эронро маҳкум кард.

Муҳаммад Файсал рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба инфиҷори террористӣ дар Чобаҳор гуфт, иқдомот ва ҳамкориҳои муштараки кишварҳо барои аз байн бурдани терроризм, дар ҳар ҷо ва аз ҳар навъе зарурӣ аст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон аз Эрон ба унвони кишвари дӯст ва бародар ёд кард.

Як террорист рӯзи панҷшанбе ба мақари нерӯи интизомии шаҳристони Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистони Эрон ҳамла ва як худрави ҳомили маводи мунфаҷираро дар вурудии ситоди нерӯи интизомии ин шаҳристон мунфаҷир кард.

Дар ин инфиҷори террористӣ ду нафар ба шаҳодат расиданд ва 40 нафар аз шаҳрвандон захмӣ шуданд.

Омили ин ҳамлаи террористӣ низ ба ҳалокат расид.

 

Барчасп