Декабр 07, 2018 17:25 Asia/Dushanbe
  • Баъидинажод: Мухолифати Созмони милал бо маҳкумияти Ҳамос, шикасти сахте барои Амрико буд

Сафири Эрон дар Англия мухолифати Созмони милали муттаҳид бо қатъномаи пешниҳодии Амрико барои маҳкумияти Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро, шикасти сахте барои Амрико ва режими саҳюнистӣ тавсиф кард.

Ба гузориши ИРНА, давлати Амрико рӯзи панҷшанбе талош кард то дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид, пешнависи қатъномаеро тасвиб кунад, ки бар асоси он, иқдомоти Ҳамос зидди саҳюнистҳоро маҳкум кунад, аммо ин пешнавис натавонист ду севуми орои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро ба даст оварад.

Ҳамиди Баъидинажод сафири Эрон дар Англия рӯзи ҷумъа дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт: Никки Ҳейли намояндаи Амрико дар Созмони милал пештар гуфта буд, мавқеи интисобаш ҳеҷ чиз аз Созмон милали муттаҳид намедонад ва ҳадафаш фақат дифоъ аз режими Исроил аст.

 

Барчасп