Вокуниши Эрон ба Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс: Аз амири Кувайт ёд бигиред
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс тавсия кард, ба ҷои баёнияҳои бемуҳтаво рӯйкарди амири Кувайтро сарлавҳа қарор диҳанд.
Баҳроми Қосимӣ дар вокуниш ба баёнияи Нишасти сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Риёз, ки иддаоҳо ва иттиҳомотеро зидди Эрон матраҳ кардааст, гуфт: Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс мутаассифона аз сиёсатҳои тафриқаафканонаи бархе кишварҳои фароминтақаӣ ба сурати шармоваре тамҷид мекунад ва дар амал, табдил ба пушише барои эъломи сиёсатҳое чанд узви он шудааст, ки ҳеҷ кумаке ба ҳаракат дар масири сулҳу суботи минтақаӣ намекунад.
Қосимӣ рӯйкарди амири Кувайтро дар солҳои ахир ва аз ҷумла дар Иҷлоси Риёз биштар хайрхоҳона ва дар ҷиҳати ҳал ва коҳиши ихтилофот аз тариқи созу корҳои дарунминтақаӣ донист ва гуфт: Агар ин рӯйкард мавриди пазириш ва амали ҳамаи сарони Шӯро қарор гирад, ҳам ҳазинаи камтаре ба миллатҳои минтақа таҳмил мешавад ва ҳам дастёбӣ ба сулҳу субот осонтар хоҳад шуд.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи ҷазоири сегонаи Эрон низ гуфт: Такрори иддаоҳои беасос дар бораи ҷазоири эронӣ тағйире дар воқеиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофиёии минтақа эҷод нахоҳад кард ва ҷазоири сегона ҷузъи тафкикнопазири қаламрави Эрон буда ва хоҳанд монд.