Декабр 11, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Содироти нафти Эрон пас аз таҳримҳои Амрико идома дорад

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Содироти нафти Эрон пас аз иҷро шудани марҳалаи дувуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон (чаҳоруми ноябр) ҳамчунон идома дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон пас аз поёни Нишасти сарон қувои ин кишвар афзуд: Баъд аз чаҳоруми ноябр, ки амрикоиҳо бисёр мунтазир буданд, то шоҳиди баҳамрехтагӣ дар иқтисоди Эрон бошанд, мардум ва фаъолони иқтисодӣ ба гунае амал карданд, ки шароит ба зарари Амрико тағйир кард.

Рӯҳонӣ гуфт: Амрикоиҳо талош карданд, то пас аз иҷро шудани даври дувуми таҳримҳо зидди Эрон, таваррум, мушкилоти иқтисодӣ ва масоили бозори Эронро ба шакли дигаре бубинанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба амалкарди масъулони иқтисодӣ ва ҳамроҳии мардум, оромиш афзоиш ёфта ва ҳамаи талошҳо ба идомаи ин оромиш маътуф шудааст, то аз мушкилоти мардум коста шавад.

Раисҷумҳури исломии Эрон тасреҳ кард: Раванди содирот дар 8 моҳаи имсол пешрафти хубе нисбат ба соли гузашта дошта ва беш аз 13 дарсад содирот афзоиш ёфтааст.

Рӯҳонӣ бо баёни инки амрикоиҳо дар заминаи таҳрими нафти Эрон, номуваффақ буданд, афзуд: Амрикоиҳо дар Нишасти ОПЕК талош карданд, тавлиди ОПЕК коҳиш пайдо накунад ва собит бимонад, аммо бо тасмими аъзо, тавлиди нафт коҳиш ёфт.

Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба масоили минтақаӣ таъкид кард: Ҳаракатҳо дар минтақа ба суди мардуми минтақа аст. Шароити Яман ба гунае аст, ки мутаҷовизон ба ин кишвар имрӯз эҳсос мекунанд, роҳе ба ҷуз сулҳ бо мардуми Яман надоранд.  

Вай афзуд: Дар Сурия низ шароит ба самти сулҳ ва оромиши бештар пеш меравад ва ин ба маънои муваффақияти ҷумҳурии исломӣ дар масоили минтақаӣ аст.

 

Барчасп