Сентябр 13, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар дидори масъулони Маркази омори Эрон

Раҳбари муаззами Инқилоиби исломӣ, "омор ва иттилооти дақиқ, мутамаркиз ва илмӣ"-ро пояи аслӣ дар тасмимгирии коромад барои Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, рӯзи сешанбе дар дидори масъулони Ситоди саршумории умумии нуфус ва маскан, аъзои Шӯрои олӣ ва мудирони Маркази омори Эрон бо таъкид бар аҳамияти тарҳи саршумории умумӣ, хитоб ба мардум таъкид карданд, ҳамаи мардуми Эрон бояд ба таври ҷиддӣ дар ин тарҳи муҳим мушорикат кунанд.

Эшон, афзуданд, мардуми Эрон барои он ки тасмимгириҳо дар кишвар, «дуруст, ба ҷо ва коромад» бошад, зимни ширкат дар ин тарҳи муҳим, омор ва иттилооти мавриди ниёзро ба шакли дақиқ дар ихтиёри дастгоҳҳои омор қарор диҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба мутаваллёни омор дар Эрон низ тасреҳ карданд, дар оморҳо ҳам бояд вазъияти мавҷуд табйин шавад ва ҳам «раванди тағйирот» шиносоӣ шавад, то дар рӯзгори кунунӣ, ки суръати тағйирот дар он бисёр зиёд аст, масъулон ва тасмимгирони кишвар дар асари тағйири равандҳо ғофилгир нашаванд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо ишора ба аҳамияти омор дар иқтисоди донишбунён гуфтанд, иқтисоди донишбунён, ки роҳи пешрафти кишвар аст, муттакӣ ба «унсурт инсонии бо савод ва мубтакир» аст ва бояд мушаххас шавад, ки дар ҳар як аз шохаҳои иқтисодӣ ва фаннӣ чӣ теъдоде аз ҷавонон ва ннрӯҳои бо истеъдод ва дорои ибтикор ва ангеза вуҷуд доранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ нақши омор дар иқтисоди муқоваматиро тайин кунанда донистанд ва афзуданд, роҳи илоҷи ҳақиқии мушкилоти кишвар, иқтисоди муқоваматӣ аст ва агар тамоми роҳҳои дунё ҳам боз шавад, аммо иқтисод дарвонза набошад, дар ниҳоят ин муодила, муодилае шикастхӯрдааст.

Эшон, ҳамчунин арзёбии натоиҷ ва коркардҳои асноди муҳимме ҳамчун санади чашмандози 20 сола ва сиёсатҳои калони Эронро аз вазоифи муҳимми Маркази омор баршумурданд ва хотирнишон карданд, Маркази омор, ҳам бояд таҳаққуқи сиёсатҳоро баррасӣ кунад ва ҳам дар хусуси натоиҷ ва коркардҳои иҷроии сиёсатҳо эълом назар кунад, то дар сурати номатлуб будани натоиҷ, сиёсатҳо бозбинӣ ва ислоҳ шаванд.

 

Барчасп