Русия: БРИКС дар ҳоли афзоиши иқтидори худ дар ҷаҳон аст
(last modified Tue, 08 Jul 2025 05:24:14 GMT )
Июл 08, 2025 10:24 Asia/Dushanbe
  • Русия: БРИКС дар ҳоли афзоиши иқтидори худ дар ҷаҳон аст
    Русия: БРИКС дар ҳоли афзоиши иқтидори худ дар ҷаҳон аст

Порс тудей - Муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия дар вокуниш ба таҳдиди тарофаҳои раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп алайҳи аъзои БРИКС таъкид кард, ки ин созмон нуфузи худро дар саросари ҷаҳон афзоиш медиҳад.

Дмитрий Медведев дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоъии "Х", бо ишора ба эъломи Трамп, ки барои ҳар кишваре, ки аз сиёсатҳои БРИКС ҳимоят мекунад, 10 дарсадии боҷи изофӣ ҷорӣ хоҳад кард, навишт: "Ин нишон медиҳад, ки мо дар роҳи дуруст ҳастем." 17-умин нишасти БРИКС рӯзҳои якшанбе ва душанбеи ҳафтаи ҷорӣ (29 ва 30 июн) дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо ширкати масъулони кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд ва бар зарурати нақши сарварии БРИКС дар таҳкими равобити чандҷониба таъкид шуд.