Қозизодаи Ҳошимӣ: Таҳримҳои золимонаи Амрико бар саломатии мардуми Эрон таъсири манфӣ дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40128-Қозизодаи_Ҳошимӣ_Таҳримҳои_золимонаи_Амрико_бар_саломатии_мардуми_Эрон_таъсири_манфӣ_дорад
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи ахири Амрико алайҳи мардуми Эрон, таъсироти манфӣ рӯи саломати онҳо ва ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ба ақшори осебпазир дорад.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 12, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
  • Қозизодаи Ҳошимӣ: Таҳримҳои золимонаи Амрико бар саломатии мардуми Эрон таъсири манфӣ дорад

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи ахири Амрико алайҳи мардуми Эрон, таъсироти манфӣ рӯи саломати онҳо ва ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ба ақшори осебпазир дорад.  

Саидҳасани Қозизодаи Ҳошимӣ, вазир беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар коргурӯҳи ибтикороти таъмини молӣ дар Иҷлоси байналмилалии саломати модар, кӯдак ва тағзия дар Деҳлии Нав афзуд: Лозим аст, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамроҳ бо соири созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо, монеъ аз идомаи ин таҳримҳо шаванд, чун таҳримҳо бар дастрасии мардум ба дору ва фанновариҳои пизишкӣ, таъсиргузор аст.  

Вай афзуд, ҳамаи созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳоро даъват мекунем, ки алайҳи беадолатӣ иқдом ва муқобила карда ва давлатҳоро мутақоид кунанд, ки саломат ва тағзияро ба вижа барои модарон ва кӯдакон, дар авлавияти аслии кори худ қарор диҳанд.