Декабр 14, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон метавонад пули пайванди Тоҷикистон бо Ховари Миёна бошад

Устоди улуми сиёсии донишгоҳи Теҳрон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба ниёзи Тоҷикистон ба роҳёбӣ ба обҳои озод, Эрон метавонад ва мехоҳад пули иртиботии Тоҷикистон бо Ховари Миёна бошад.

Ба гузориши Спутник, доктор Саида Лутфиён дар ҳаштумин ҳамоиши сиёсатшиносони Русия дар шаҳр Маскав афзуд: Мо мехоҳем нақши муҳимме дар пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна, ки мақсади гардиши молу маҳсулот аз Чин ба воситаи Тоҷикистон аст, ифо кунем.

Профессор Лутфиён, ки дар мавзӯи сиёсати Эрон дар баробари давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз суханронӣ мекард, аз қаробати забонӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду кишвар ва миллати Эрон ва Тоҷикистон ба таври вижа ёд кард ва гуфт: Нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон аз дигар ҳамсоягон фарқкунанда аст.

Устоди донишгоҳи Теҳрон бо ёдоварии сафари солиёна беш аз ду миллион гардишгари Эрон ба кишварҳои Туркия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид кард, ки дар сурати таъмини шароит, беш аз як миллион гардишгари эронӣ метавонанд ҳамасола аз Тоҷикистон боздид кунанд, ки кумаки иқтисодии шоистае ба Тоҷикистон хоҳад буд.