Декабр 15, 2018 09:47 Asia/Dushanbe
  • Воҳиди ҳавоии нерӯи заминии артиши Эрон: Қудратмандтарин воҳиди ҳавоии ғарби Осиё

Фармондеҳи ҳавонерӯз (воҳиди ҳавоии нерӯи заминӣ) - и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин нерӯро қудратмандтарин ягони ҳавоии ғарби Осиё унвон кард.

Амири сартип халабон Юсуф Қурбонӣ рӯзи ҷумъа бо ишора ба таҳримҳои зиддиэронии Амрико гуфт, ҳавонерӯзи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳое, ки душман анҷом дода, ба дониши бумисозии қатаот даст ёфтааст.

Сартип Қурбонӣ афзуд, ҳавонерӯзи артиши Эрон барои дифоъ аз мардуми Эрон дар баробари душманон дар омодагии комил ба сар мебарад.

Фармондеҳи ҳавонерӯзи артиши Эрон ҳамчунин бо ишора ба ин ки дар ҳашт соли ҷанги таҳмилии Ироқ ба Эрон ҳеҷ амалиёте вуҷуд надошт, ки ҳавонерӯз дар он ширкат накарда бошад, изҳор дошт, ҳавонерӯзи артиши Эрон 500 ҳазор соат парвози амалиётӣ дар тайи даврони Дифои муқаддас анҷом дод, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст.