Декабр 15, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Сипосгузории раисиҷумҳури Ироқ аз Эрон дар ҷашни пирӯзӣ бар ДИИШ

Раисиҷумҳури Ироқ дар ҷашни солгарди пирӯзии ин кишвар бар гурӯҳаки такфирии террористии ДИИШ, аз мавозеъ ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҷанги 3 сола ба таври вижа, қадрдонӣ ва ташаккур кард.

Ба гузориши ИРНА, Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ гуфт, нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони ҳамсоя, дӯст ва муттаҳиди Ироқ дар ин ҷанги бисёр муҳим, арзишманд ва қобили таҷлил аст.

Барҳам Солеҳ, ҳамчунин чолишҳои пеши рӯи Ироқро мубориза бо фасод, беҳбуди хадамот, бозсозии манотиқи вайрон шуда аз ҷанг, бозгашти оворагон, ҳимоят аз хонаводаҳои шаҳидони ҷанг бо терроризм ва иртиқои ваҳдати миллӣ зикр кард.

Дар 10-уми декабри 2017, Ҳайдар Ал Ибодӣ, нахуствазири вақти Ироқ, пирӯзии низомии кишварашро бар гурӯҳаки террористӣ такфирии ДИИШ эълом кард.

 

Барчасп