Декабр 16, 2018 19:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон

Содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон дар ҳашт моҳи гузаштаи имсол (1397 шамсӣ) 18 дарсад дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш доштааст.

Маҳмуди Бозорӣ, мудири кулли дафтари ҳамоҳангии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноеи табдилӣ, вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт: Содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон дар ҳашт моҳи гузаштаи имсол аз назари вазн низ 17 дарсад афзоиш доштааст.

Вай содироти ширинӣ ва шоколади Эронро афзоишӣ тавсиф кард ва гуфт: Аз ибтидои имсол анвои ширинӣ ва шоколад ба арзиши 549 миллион доллар аз Эрон содир шуда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 34 дарсад бештар будааст.