Декабр 21, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Эрон «Шаби ялдо»-ро сабти ҷаҳонӣ мекунад

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон аз пайгириҳо барои сабти «Шаби ялдо» дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Мунисон раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон афзуд: Мероси маънавӣ ва оинҳои муштараке, ки бо кишварҳои ҳамсоя дорем, баёнгари нуфузи фарҳангии Эрон аст.

Мунисон ибрози умедворӣ кард бо мушорикати кишварҳои ҳамсоя ва сабти ҷаҳонии «Шаби ялдо» дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ, маваддат ва меҳрварзӣ дар байни ин кишварҳо афзоиш пайдо кунад.

Вай гуфт: Ин мероси муштарак нишон медиҳад миллатҳои форсизабон ҳамеша дар канори ҳам будаанд ва хушҳолем, ки дар ҳоли сабти ин рӯйдоди фарҳангӣ дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ҳастем.

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон афзуд: Ялдо намоде барои ироаи паёми сулҳ ва меҳрубонӣ аст ва умедворем бо сабти ҷаҳонии он ин паём дар таърихи ҷаҳон сабт шавад.

 Шаби ялдо ё шаби чила яке аз куҳантарин ҷашнҳои эронӣ аст.

Дар ин ҷашн, тай шудани дарозтарин шаби сол ва дар пайи он тулонитар шудани рӯзҳо дар нимкураи шимолӣ, ки мусодиф бо оғози зимистон аст, гиромӣ дошта мешавад.

 

Барчасп