Зариф: Умедворам ҷаҳон ба зудӣ шоҳиди зебоии сулҳ ва якдилӣ бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40356-Зариф_Умедворам_ҷаҳон_ба_зудӣ_шоҳиди_зебоии_сулҳ_ва_якдилӣ_бошад
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб фаро расидани “Шаби Ялдо” - ро ба тамоми касоне, ки ин шабро ҷашн мегиранд, табрик гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 22, 2018 06:50 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Умедворам ҷаҳон ба зудӣ шоҳиди зебоии сулҳ ва якдилӣ бошад

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб фаро расидани “Шаби Ялдо” - ро ба тамоми касоне, ки ин шабро ҷашн мегиранд, табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер бо табрики “Шаби Ялдо” ибрози умедворӣ кард, ҷаҳон ба зудӣ шоҳиди зебоии сулҳ ва якдилӣ ва коҳиши таҳдид ва нифоқ бошад.

Ҷумъашаб, нахустин шаби замистон ва тӯлонитарин шаби сол – “Шаби Ялдо” ном дорад.

Ойини “Шаби Ялдо” аз куҳантарин ойинҳои эрониён аст. Ин ойин аз дер боз намоде барои иттиҳод, ҳамдилӣ ва таомули эрониён будааст.

Ойинҳои миллӣ ва бостонии эрониён ҳамвора нақше бебадил дар таквин, ба вуҷуд овардан ва такомули таърихи тамаддуни башар доштааст.

Ба гувоҳи таърихпажӯҳон ва коршиносон, русуми бостонии эрониён дар сайри таҳаввули рафторҳои ойинии бисёре аз милали ҷаҳон аз Осиёи Марказӣ гирифта то қораи Аврупо таъсири басазое доштааст.

Хонаводаҳои эронӣ ҳамасола дар охирин рӯзи пойиз, ойини “Шаби Ялдо” - ро баргузор мекунанд.

Аз ҷумлаи ойинҳое, ки бо вуруди Ислом дар фарҳанги эронӣ аз давом ва қавоми бештаре бархурдор шуд, ойини “Шаби Ялдо” буд.

Мардуми саросари Эрон дар "Шаби Ялдо" бо ҳузур дар манзили бузурги хонавода, ин шабро гиромӣ медоранд.