Декабр 24, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бақоёи пойгоҳи низомии Ҳахоманишиён дар Фаластини ишғолӣ

Бостоншиносон аз кашфи бақоёи як урдугоҳи низомии марбут ба даврони зимомдории дувумин шоҳи силсилаи Ҳахоманишӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар додаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс, бостоншиносон бақоёи як пойгоҳи низомиро бо қидмати 2500 сол марбут ба даврони силсилаи Ҳахоманишии Эрон дар минтақаи Ако дар шимоли Фаластини ишғолӣ кашф кардаанд.

Ҳааретс бо ишора ба ёфтаҳои бостоншиносон дар теппаи 28 метрии мавсум ба Тел Кисон дар муҷовирати шаҳри Ако навишт: Бостоншиносон мегӯянд, осори сафолини пайдошуда дар ин минтақа нишон медиҳад, ки дар ин ноҳия як урдугоҳи низомии зоҳиран марбут ба нерӯҳои Камбуҷияи дувум, дувумин шоҳи силсилаи Ҳахоманишӣ барпо буда ва ҳамлаи густардаи сипоҳи Камбуҷия ба Мисри бостон дар соли 525 пеш аз милод аз ин минтақа сурат гирифтааст.