Декабр 25, 2018 13:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувумин Комиссияи муштараки низомии Эрону Русия дар Теҳрон

Дувумин Комиссияи муштараки низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бо ҳузури мақомоти низомии ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.

Сардор Қадири Низомӣ, муовини байналмилалии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Игор Осипов, муовини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия раёсати ин комиссияро бар уҳда доштанд. Ду тараф дар ин нишаст зимни машварат ва гуфтугӯҳои тахассусӣ дар мавриди заминаҳои ҳамкории низомии байни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар барномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2019-ро тасвиб карданд.

Аъзои ҳайати низомии Русия қарор аст, дар Теҳрон бо бархе аз мақомоти олирутбаи низомии Эрон низ дидору гуфтугӯ кунанд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Русия дар заминаи мубориза бо терроризм дар Сурия ва Ироқ ҳамкорӣ доранд ва иртибототи роҳбурдии низомӣ ва дифоии ду кишвар дар чанд соли ахир раванди рӯ ба рушд доштааст.